Ифтитоҳи масҷиди нав дар Қазоқистон
Дар маросими ифтитоҳи ин масҷид Умурзоқ Бекҳоҷӣ, сархати вилояти Қарағанда ва сокинони минтақаи Кунгей ҳузур доштанд. Масоҳати ин масҷид 1200 метр мураббаъ ва дорои бахши вежаи занон ва мардон, утоқҳои дарсӣ ва китобхона аст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИКНА ,илова бар ин дар масҷиди мавриди назар як толори ғизохурӣ барои баргузории маросими ифтор ва назрӣ дар назар гирифта шудааст. Дар ин масҷиди ҷамъиятӣ ҳудуди 700 нафар метавонанд ба ибодат бипардозанд.
Ин масҷид бо ҳимояти молии Олтой Арқужин- яке аз тоҷирони маҳаллӣ сохта шудааст.
Вай гуфт: Яке аз муҳиммтарин мушкилоте, ки дар минтақаи Кунгей доштем, набуди ибодатхона буд. Бо таваҷҷуҳ ба чунин ниёзе тасмим гирифтам бо маблағи худам як масҷид барои ин минтақа бино кунам.
Ин тоҷири қазоқистонӣ афзуд: Барои анҷоми ин кор натанҳо сокинони минтақаи Кунгей, балки сокинони манотиқи дигари устони Қарағанда низ кумак кардаанд.
Ҳамчунин қарор аст дар рӯзҳои оянда масҷидҳои нав дар манотиқи «Сорип тоу» ва «Пришахтинск»-и Қазоқистон ифтитоҳ шавад.