Декабр 08, 2019 13:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар бораи шиюи сурхча

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки ибтило ба сурхча мунҷар ба марги беш аз 140 ҳазор нафар мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ (WHO) дар гузорише эълом кард бештари мавориди маргу мир бар асари ибтило ба сурхча дар кудакони зери панҷ сол будааст ва навзодон ва кудакони кам сину сол пурхатартарин гуруҳи синнӣ ҳастанд.

Тедрос Адҳаном Қибирсион мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ низ гуфт, бояд эминсозии сурхчаро густариш диҳем ва итминон ёбем, ки ҳамаи кудакон воксина шудаанд.

Бадтарин минтақаи ҷаҳон аз назари ибтило ба сурхча минтақаи зери Саҳро  дар Африқо аст, ки бисёре аз кудакон дар ин минтақа аз эминсозӣ маҳруманд.

Ҳамчунин бадтарин кишварҳо аз назари ибтило ба сурхча  дар соли 2018 Ҷумҳурии демократики Конго, Либерия, Мадагаскар, Сомалӣ ва Украина буданд.

Амрико соли 2019 пас аз 25 сол бештарин мавориди сурхчаро гузориш кард ва чаҳор кишвари аврупоии Олбонӣ, Ҷумҳурии Чех,Юнон ва Британия низ шоҳиди шиюи ин беморӣ буданд.

Баровардҳо нишон медиҳад дар 18 соли гузашта воксаносиони сурхча ҷони беш аз 23 миллион нафарро наҷот додааст.

Сурхча навъе уфунати танаффусии вирусӣ аст, ки аломатҳое амчун тасп, хуфа, обрезиши бинӣ ва оризаҳои пустӣ (донаҳое, ки руи пуст ба вуҷуд меояд) дар нуқтаҳои мухталифи бадан эҷод кунад.

Сурхча аз тариқи танафус мунтақил мешавад ва ба шиддат гузарандааст.

Барчасп