Декабр 09, 2019 14:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши фуруши силоҳ дар ҷаҳон

Муаасисаи сулҳи байналмиллалии Стокголм дар гузорише аз афзоиши тиҷорати силоҳ дар бозори ҷаҳонӣ дар як соли гузашта хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Муаасисаи сулҳи байналмиллалии Стокголм рӯзи душанбе дар гузорише эълом кард, фуруши силоҳ дар ҷаҳон дар соли 2018 дар бозоре, ки Амрико бар он султа дорад ба андозаи 4/6 дарсад афзоиш ёфтааст.

Сад тавлидкунандаи силоҳ дар ҷаҳон бо 420 миллиард доллар гардиши молӣ мавзӯи ин таҳқиқ аст.

Уд Флурон мудири барномаи таслиҳоти Муаасисаи сулҳи байналмиллалии Стокголм эълом кард, дар муддати як сол бо таваҷҷуҳ ба сатҳи болои фуруши силоҳҳои амрикоӣ ин афзоиш қобили таваҷҷуҳ аст.

Саноати таслиҳоти Амрико, ки 59 дарсади бозори фуруши силоҳро дар ихтиёр дорад, дар раъси ин тиҷорат қарор дорад ва гардиши молии он беш аз 246 миллиард доллар аст, ки дар муддати як сол ҳафт дарсад афзоиш доштааст.

Ширкатҳои Амрико аз роҳбурди Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико, ки мехоҳад қудрати дифоии кишварашро ба манзури тақвияти мавзеи ин кишвар дар баробари Русия ва Чин навсозӣ кунад суд мебаранд.

Русия ва Британия низ дуввумин ва севвумин ҷойгоҳи тавлидкунандагони бузурги таслиҳотро дар ихтиёр доранд.