Дурахшиши варзишкорони муҳаҷҷаба дар Амрико бо вуҷуди маҳдудият
Варзишкорони муҳаҷҷабаи амрикоӣ бо вуҷуди табъизҳову фишорҳо, ҳамчунон дар риштаҳои мухталиф ба муваффақиятҳои зиёде дар сатҳи миллӣ даст меёбанд.
Ба гузориши ИКНА, дар остонаи олимпии 2020-и Токио дар Ҷопон, табъиз дар дунёи варзиш ҳамчунон идома дорад. Занони рангинпӯст ва ақаллиятҳо, ба вижа касоне, ки ҳиҷоб доранд, мураттабан ба хотири ин ки ҷасорат ва шуҷоати ширкат дар мусобиқоти варзиширо пайдо кардаанд, таҳти фишор қарор мегиранд.
Дар Амрико ҳатто варзиш кардан дар маконҳои умумӣ низ барои бонувони муҳаҷҷаба чолишбарангез аст. Навҳа М, аз шаҳри Еванстон дар иёлати Иллинойи Амрико ағлаб аз рафтан ба бошгоҳ худдорӣ мекунад. Вай гуфт: “Ман ҳангоми давидан ё анҷоми дигар ҳаракоти варзишӣ, ки мардон шоҳиди он ҳастанд, эҳсоси роҳатӣ намекунам ва ағлаб маҷбурам сабр кунам то бошгоҳ холӣ шавад”.
Дар моҳи октябр муваффақияти Нур Александрия Абукарами 16 сола дар мусобиқоти риштаи дуи саҳронавардии мадориси Амрико хабарсоз шуд. Зеро ӯ муҳаҷҷаба аст. Анҷумани варзиши мадориси Оҳйо эълом кард, ки ӯ агар мехоҳад илова бар либоси варзишии тим, либос ва русарӣ бипӯшад, бояд муҷаввиз бигирад.
Бо вуҷуди ин маҳдудиятҳо, варзишкорони муҳаҷҷабаи амрикоӣ дастовардҳои бузурге ба даст овардаанд. Рабоҳ Кей, баскетболисти навҷавон аз иёлати Иллиной таҳти таъсири посухи мураббии худ ба як довар қарор гирифт, ки гуфта буд, ӯ барои истифода аз ҳиҷоб дар мусобиқот бояд муҷаввиз бигирад. Мураббии ӯ посух дод, ки ҳаргиз чизе дар мавриди ин илзом нашунида ва пас аз исрори довар, аз идомаи мусобиқа худдорӣ кард. Рабоҳ мегӯяд, мо бояд садои худро баланд кунем то ба гӯши ҳамагон бирасад.