Ҳушдор дар мавриди вазъи ҷисмонӣ ва сарнавишти Шайх Закзокӣ
Раиси Кумитаи ҳуқуқи башари исломӣ дар мавриди вазъи ҷисмонии раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия ва ҳамсараш ҳушдор дод.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии "Алаҳд"-и Лубнон, Масъуд Шаҷара, раиси Комиссияи ҳуқуқи башари исломии мустақар дар Лондон гуфт: Маҳдудиятҳои давлати Нигерия алайҳи Шайх Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии ин кишвар нишон медиҳад, ки мақомоти Абуҷа ба озодии вай тамоюле надоранд.
Шаҷара, ки аз вазъи ҷисмонӣ ва шароити нигаҳдории Шайх Закзокӣ ва ҳамсараш иттилоъ дорад афзуд: Шайх Закзокӣ ба зиндони марказии иёлати Кадунаи Нигерия мунтақил шуда, ки фоқиди камтарин стандартҳои мавриди ниёз барои саломатии зиндониён аст ва аз хатарноктарин зиндонҳои Африқо ба шумор меравад.
Шаҷара ибрози таассуф кард, ки додгоҳи Нигерия то кунун ҳеҷ муҷаввизе барои дармони Шайх Закзокӣ содир накардааст.
Раиси Кумитаи ҳуқуқи башари исломӣ дар бораи натоиҷи талошҳои ин кумита барои озодӣ, дармон ва беҳбуди шароити нигаҳдории Шайх Закзокӣ ва ҳамсари вай гуфт: Барои интиқоли Шайх Закзокӣ ба бемористоне дар хориҷ аз Нигерия ба шиддат талош мекунем, аммо то кунун муваффақ ба ин кор нашудаем.