Декабр 22, 2019 20:54 Asia/Dushanbe
  • Ифшои фасоди ахлоқии густурда дар калисои католикӣ

Дастикам 175 кӯдаки хурдсол қурбонии озори ҷинсии аъзои Созмони кашишҳои католикӣ шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Созмони кашишҳои католикӣ рӯзи шанбе дар гузорише эълом кард, дастикам 175 кӯдаки хурдсол, байни солҳои 1941 то 2019 қурбонии озори ҷинсии аъзои ин созмон шуданд.

Ин созмони мавсум ба "Легионер Де Крист" дар ин гузориш афзуд, ин иқдомотро 33 кашиш муртакиб шудаанд.

Ин гузориш, ки аз замони таъсиси ин созмон дар соли 1941 то 16-и декабри 2019-ро шомил мешавад, ҳикоят аз он дорад, ки худи Марсимал Масил, муассиси ин созмон 60 нафарро ҳадафи озори ҷинсӣ қарор додааст.

Ин гузориш дар ҳоле мунташир шуд, ки поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзи сешанбе муқобила бо таҷовузи ҷинсӣ дар калисои католикиро авлавияти Ватикан эълом кард.