Зиёд об нанушед
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49353-Зиёд_об_нанушед
Пажуҳишгари рус эълом кард, нушидани беш аз ҳади об метавонад шабакаи қалбӣ-уруқӣ ва идрориро таҳти фишор қарор диҳад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 23, 2019 14:41 Asia/Dushanbe
  • Зиёд об нанушед

Пажуҳишгари рус эълом кард, нушидани беш аз ҳади об метавонад шабакаи қалбӣ-уруқӣ ва идрориро таҳти фишор қарор диҳад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Ала Пугажова пажуҳишгари Маркази федерали таҳқиқ дар мавриди маводи ғизоӣ, зистфановарӣ ва амнияти ғизоии Русия дар мусоҳибае бо РашаТудэй дар мавриди пайёмадҳои нушидани беш аз ҳади об барои бадани инсон гуфт, дар воқеъ масрафи беш аз андозаи об ба инҳилоли протеинҳо кумак мекунд.

Ала Пугажова афзуд, меқдори зиёди оби мавҷуд дар бадан боиси эҷоди резмуғаззӣ ва витаминҳое мешавад, ки метавонад мунҷар ба фишори беш аз ҳад ба қалбу уруқ ва шабакаи идрорӣ шавад.

Ин пажуҳишгари рус, миёнгини ниёзи рӯзонаи бадан ба обро дувуним летр донист ва гуфт, бадан ҳудуди як летр обро аз тариқи масрафи маводи ғизоӣ ва ҳудуди як то якуним летрро аз тариқи об ва нушиданиҳо ҷазб мекунад.

Ин пажуҳишгари рус гуфт, нушиданиҳои асидӣ ва оби меваҳо барои фурукаш кардани аташ муфид аст, аммо бояд аз қаҳва, какао ва чойи сиёҳ ба мизони шаш то ҳашт стакан дар рӯз истифода шавад.

Мизони оби мавҷуд дар бадани инсон дар даврони зиндагӣ дар навасон аст; ба наҳве, ки мизони оби бадани як навзод 75 дарсад ва дар ашхоси солхурда 55 дарсад аст.