Декабр 30, 2019 21:49 Asia/Dushanbe
  • Талоши шабакаи телевизиони кӯдакони мусалмони Канада барои тақвияти ҳувияти исломӣ

Бунёнгузорони шабакаи телевизиони “Muslim Kids Tv” дар Канада парвариш ва тақвияти ҳувияти исломии насли ояндаи мусалмонони ин кишварро, аз ҷумлаи аҳдофи аслии ин шабака эълом карданд.

Ба гузориши ИКНА, ин шабака, ки дар ибтидо як сайти пахши филм барои кӯдакон буд, панҷсол қабл аз сӯи як завҷи тоза мусалмон ба номи Абдурраҳмон Мило ва Флора Делиза Дорейкт дар Канада таъсис шуд.

Ба гуфтаи Мило, яке аз аҳдофи муҳимми ин шабака, тақвияти ҳувияти исломии кӯдакон аз тариқи муаррифии улгуҳои муносиб аст.

Вай мегӯяд, мо ҳама чизро мадюни волидайн ҳастем. Ман фикр мекунам онҳо барномаҳо ва фаъолиятҳои омӯзишие, ки дар ин шабака дар дастрас бударо арзишманд ёфтаанд.

Мило афзуд, пахши 24 соата барномаҳо дар тамоми тӯли ҳафта ва қобилияти дастрасӣ дар интернет, мубойл ва телевизионҳои ҳушманд боис мешавад, истифода аз ин шабака барои волидайн роҳат бошад.

Дорейкт низ, ки дар таъсиси ин шабака мушорикат доштааст мегӯяд, дар ин шабака, барномаҳо ва пуёнамоиҳои бо мавзӯоти динӣ, зиндагии паёмбарон, саргармиҳои ахлоқмадорона, омӯзиши таолими исломӣ ва барномаҳои ҳунарӣ барои кӯдакони байни 2 то 12 сол пахш мешавад.

 

Барчасп