Ҳафт соат бихобед!
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49589-Ҳафт_соат_бихобед!
Гурӯҳе аз донишмандони донишгоҳҳои Британия иртиботи байни муддати хоб ва бемории фибрози шуш (легочный фиброз)-ро кашф карданд.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Декабр 31, 2019 15:06 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт соат бихобед!

Гурӯҳе аз донишмандони донишгоҳҳои Британия иртиботи байни муддати хоб ва бемории фибрози шуш (легочный фиброз)-ро кашф карданд.

Ба гузориши “Спутник”, ин пизишкон эълом карданд, ки муддати муносиби хоб барои ҳар фард бояд ҳафт соат бошад. Ба ақидаи пизишкон, инҳироф аз стандарт мумкин аст, хатарҳое ба ҳамроҳ дошта бошад ва ба саломатии бадан, аз ҷумла ба шушҳо осеб бирасонад. Донишмандон муътақиданд, ки ихтилол дар муддат ва нуқси соати биологии бадан мумкин аст, ба бемории фибрози шуш мунҷар шавад, ки бар асари ин беморӣ солона ҳадди ақал панҷ ҳазор бритониёӣ ҷонашро аз даст медиҳад.

Донишмандон ба ин натиҷа расидаанд, касоне ки тақрибан 4 соат ё камтар мехобанд, хатари ибтило ба фибрози шуш дар онҳо ду баробар бештар аст. Зимни ин ки хоби бисёр тӯлонӣ ҳам ҳамин таъсирро рӯйи шушҳо хоҳад дошт. Ба ақидаи онҳо, хобидан беш аз 11 соат дар рӯз се баробар бештар мунҷар ба беморӣ мешавад.