Интиқоди сиёсатмадорони британиягӣ аз сукути Джонсон дар қиболи терроризми давлати Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49723-Интиқоди_сиёсатмадорони_британиягӣ_аз_сукути_Джонсон_дар_қиболи_терроризми_давлати_Амрико
Ҷамъи сиёсатмадорон дар Британия, аз нахуствазири ин кишвар ба далели сукут дар қиболи иқдоми террористии давлати Амрико интиқод карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 05, 2020 13:15 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди сиёсатмадорони британиягӣ аз сукути Джонсон дар қиболи терроризми давлати Амрико

Ҷамъи сиёсатмадорон дар Британия, аз нахуствазири ин кишвар ба далели сукут дар қиболи иқдоми террористии давлати Амрико интиқод карданд.

Ба гузориши вебсайти рӯзномаи "The Guardian", ҳаштаги  #Борис куҷост? дар Twitter оммавӣ шудааст ва сиёсатмадорони мухолиф Борис Джонсон, нахуствазири Британияро мавриди интиқод қарор дода ва баён мекунанд, ки ӯ беш аз ҳад аз нороҳат кардани Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки дастури террори сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро содир кардааст, метарсад. Вай барои ҳамин ҳарфе намезанад.

Эмили Турнберӣ, вазири умури хориҷаи давлат дар сояи Британия гуфт: Аз ин, ки Джонсон ҳанӯз баёнияе дар бораи ин иқдоми Трамп надоштатааст "тааҷҷуб" мекунад.