Суханронии мумтози хонуми намоянда бо лакнати забон
Суҳбати яке аз намояндагони парлумони Португалия бо вуҷуди доштани лакнати забон мавриди таваҷҷуҳи корбарон дар фазои маҷозӣ қарор гирифт.
Бинобар гузориши “Спутник”, видеои кӯтоҳ аз суханронии як намояндаи хонум дар парлумони Португалия, ки ба сахтӣ ва бо лакнат суҳбат мекунад, тавассути корбарон дар сафаҳоти иҷтимоӣ мунташир мешавад. Хонуми намоянда, ки дар ҷаласаи комилан расмӣ ба сахтӣ ва бо лакнат суханронӣ мекунад ва ҳозирин бо ҳавсалаву диққати тамом ба суханони ӯ гӯш медиҳанд, бисёр мавриди таҳсини корбарон дар фазои маҷозӣ қарор гирифтааст. Ин корбарон дар вокуниш ба ин видео эҳтиром ва таваҷҷуҳи соири намояндагон ба ӯро далеле барои эътимод ба нафси хонуми намоянда медонанд.
Гурӯҳе аз корбарон муътақиданд, суханронии ин намоянда дар маҷлис бисёр зебо ва инсонӣ аст ва бо тамошои ин видео ба тафовутҳои фарҳангии ғибта мехӯрданд ва ин мавридро намунаи кӯчаке аз камранг будани табъизи ҷинсиятӣ ва ҳуқуқи баробари занону мардон дар Аврупо медонанд. Онҳо унвон мекунанд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки қудрати баён яке аз мавориди муҳим дар суханрониҳо ба шумор меояд, аммо гоҳе авқот бо мувоҷеҳ шудан бо мавориди инчунинӣ метавон гуфт, ҳарф задан мелок нест ва тахассусу амалкард муҳим аст.
Гурӯҳи дигаре аз корбарон муътақиданд, суханронии бо лакнати забон барои як-ду бор мушкиле надорад, аммо беҳтар аст, ин намоянда бо равиши дигаре суҳбатҳои худро интиқол диҳад. Ҷамъе аз корбарон низ лакнати хонуми намояндаро масъалаи қобили таваҷҷуҳ медонанд, ки шароити муносибе барои намояндагӣ надорад.