Идомаи сиёсати исломҳаросӣ дар Австрия
(last modified Thu, 16 Jan 2020 13:00:34 GMT )
Январ 16, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
  • Идомаи сиёсати исломҳаросӣ дар Австрия

Фаъолони маданӣ ва раҳбарони мусалмони Австрия,ҳушдор медиҳанд, ки давлати эътилофи ҷадиди ин кишвар низ рӯйкарди исломҳаросона дорад.

Ба гузориши рӯзномаи “Yeni Shafaq”-и Туркия, фаъолони маданӣ ва раҳбарони мусалмони Австрия мӯътақиданд, барномае, ки якуми январ давлати эътилофи Ҳизби ростгарои мардум (Austrian People's Party) ва Ҳизби сабзи Австрия эълом карда, ҳеҷ тафовуте бо барномаи давлати қаблӣ дар мавриди масоили марбут ба ақаллиятҳои динӣ ва муҳоҷирон надорад.

Давлати эътилофи ҷадид ба раҳбарии Себастян Куртс (Sebastian Kurz), раҳбари Ҳизби ростгарои мардуми Австрия, дар барномаи худ, мамнуъияти пӯшидани русарӣ, мубориза бо исломи сиёсӣ ва иттихози иқдомоти амниятии фавқулода, монанди боздошти бидуни ҳукми додгоҳи муҳоҷирон ва паноҳандагони машкук ба иртикоби ҷурмро тарҳ кардааст.

Муассисиаи динии исломии Австрия (IGGO), ки худро намояндаи ҳудуди 800 ҳазор мусалмони ин кишвар медонад, тасреҳ кард, давлати ҷадид рӯйкарди хасмонае дар баробари мусалмонон дорад.

Ин муассиса набуди нигариш зидди табъизро дар сиёсати давлати ҷадиди Австрия, ноумедкунанда хонд.

Сиёсати исломҳаросии давлатҳо ва расонаҳои аврупоӣ, мӯҷиби афзоиши иқдомоти исломситезонаи гурӯҳҳои ростгарои ифротӣ ва нажодпараст тайи солҳои ахир дар қораи сабз шудааст.

Давлатҳои аврупоӣ аксар дар қиболи ҳамла ба мусалмонон ва марокизи исломӣ, сукут мекунанд.