Ҳушдори донишмандон дар бораи хобидан наздики телефони мобелии ҳушманд (смартфон)
Донишмандон ҳушдор додаанд, ки хобидан дар наздикии телефонҳои мобелии ҳушманд хатарнок аст.
Ба нақл аз Спутник, бар асоси иттилооти мунташиршуда дар сайти Вазорати беҳдошти Амрико, донишмандони амрикоӣ дар бораи хатари хобидан дар канори телефонҳои ҳушманд ҳушдор доданд.
Коршиносон таъкид карданд, истифодаи тулонимуддат аз телефонҳои ҳушманд метавонад хатари ибтило ба саратон, ноборварӣ ва бархе бемориҳои дигарро афзоиш диҳад. Ҳамчунин тобишҳои мавҷҳо аз телефонҳои ҳушманд барои ҳофиза ва шунавоӣ зарарнок аст.
Муҳимтар аз ҳама, ин таҷҳизот барои кудакон хатарнок аст, зеро мавҷҳо ҳангоми рушд руи бадан таъсир мегузорад.
Донишмандон тавсия мекунанд ҳангоми муколама бо гушиҳои ҳушманд телефонро наздики сари худ нигаҳ надоред, балки аз гӯшмонакҳо (наушники) истифода кунед ва ҳангоми интиқоли дода ва боргирии парвандаҳо, тамос бо дастгоҳро маҳдуд кунед.