Марги пизишки чинии ифшогари вируси Корона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50664-Марги_пизишки_чинии_ифшогари_вируси_Корона
Ли Ван Лёнг, пизишки ҷавони чинӣ, ки барои нахустин бор дар бораи нишонаҳои паҳншавии вируси Корона ҳушдор дода буд, худаш бар асари ибтило ба ин бемории ҳавлнок дар бемористон даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 07, 2020 18:57 Asia/Dushanbe
  • Марги пизишки чинии ифшогари вируси Корона

Ли Ван Лёнг, пизишки ҷавони чинӣ, ки барои нахустин бор дар бораи нишонаҳои паҳншавии вируси Корона ҳушдор дода буд, худаш бар асари ибтило ба ин бемории ҳавлнок дар бемористон даргузашт.

Ба гузориши “Спутник”, дар баёнияи бемористони марказии Вуҳан, ки пизишки чинӣ дар он ҷо бистарӣ буд, омадааст, ки Ли Ван Лёнг асри панҷшанбе моро тарк кард.

Аз рӯзи 31 декабри соли гузашта давлати Чин аз паҳншавии навъи ношинохтае аз зотуррия хабар дод, ки баъдҳо маълум шуд навъи ҷадиди вируси Корона аст.

Илова бар Чин, ин беморӣ дар 23 кишвари дигар низ сабт шудааст.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ паҳншавии бемории Коронаро як вазъияти уржонсии байналмилалӣ дар ҷаҳон ташхис додааст.