Феврал 10, 2020 14:58 Asia/Dushanbe
  • Матни комили Шоҳномаи Фирдавсӣ барои нахустин бор ба Фаронса тарҷума шуд

Нахустин бор матни комили Шоҳномаи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бо тарҷумаи Пиер Локок Эроншиноси белгияӣ ва устоди донишгоҳи Сорбон аз сӯи интишороти Бел Летр дар Фаронса мунташир шуд.

Ба нақл аз ИРНО, интишороти муътабари Бел Летр дар Фаронса ахиран тарҷумаи комили Шоҳномаи ҳаким Фирдавсиро, ки бо тарҷумаи Пиер Локок Эроншиноси белгияӣ ва бо муқаддамаи доктор Ниҳоли Таҷаддуд нависанда ва пажуҳишгари эронӣ мунташир ва равонаи бозор кардааст.

Пиер Локок дар тарҷумаи Шоҳнома тасҳиҳи доктор Саиди Нафисиро дар назар доштааст.

Нуктаи муҳим ва қобили таваҷҷуҳ дар ин асар ин аст, ки ба баҳри мутақориб ва ҳамвазн ва ҳамонанди худи Шоҳнома тарҷума шуда ва қофияҳо низ то ҳадди имкон риоят шудааст.

Шоҳномаи Фирдавсӣ аз муҳимтарин ва машҳуртарин манзумаҳои ҳамосии ҷаҳон аст, ки то кунун ба забонҳои мухталифе дар дунё тарҷума ва мунташир шудааст.

Нахустин касе, ки дар Аврупо бахше аз Шоҳномаро ба забони Фаронса тарҷума кард Луи Ланглес нависанда ва Ховаршиноси фаронсавӣ буд.

Баъдҳо низ Жул Мул аз тарафи давлати Фаронса маъмурият ёфт то кулли Шоҳномаро аз забони форсӣ ба Фаронса баргардонад, ки 40 сол аз умри худро сарфи ин кор кард вале умраш барои такмили ин кор кафоф надод.

Пас аз ӯ низ Жилберт Лазар гучине аз достонҳои Шоҳномаро аз рӯи тарҷумаи Жул Мул иқтибос ва бознависӣ кард.

Барчасп