Витамини D ба кошҳиши коронавирус кӯмак мекунад?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52575-Витамини_d_ба_кошҳиши_коронавирус_кӯмак_мекунад
Ҳамакнун дармони қатъӣ барои коронавирус вуҷуд надорад ва иқдомоти пешгиронае мисли маҳдуд кардани равобити иҷтимоӣ ва иқдомоти беҳдоштӣ метавонад шуморо аз ибтило ба ин беморӣ муҳофизат кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 11, 2020 08:47 Asia/Dushanbe
  • Витамини D ба кошҳиши коронавирус кӯмак мекунад?

Ҳамакнун дармони қатъӣ барои коронавирус вуҷуд надорад ва иқдомоти пешгиронае мисли маҳдуд кардани равобити иҷтимоӣ ва иқдомоти беҳдоштӣ метавонад шуморо аз ибтило ба ин беморӣ муҳофизат кунад.

Натоиҷи бархе таҳқиқот нишон медиҳад, ки масрафи мукаммили витамини D метавонад ба системаи эминии бадани шумо кӯмак кунад.

Аммо чӣ гуна?

Ин витамин дҳар тақвияти системаи иммунитет нақши асосӣ дорад.Ин витамин дорои хоисяти зиддиилтиҳобӣ ва тақвияти системаи иммунитети бадан ва барои фаъолсозии дифои системаи иммунитет бисёр муҳим аст.

Сатҳи поёни витамини D бо афзоиши хатари ибтило ба бемориҳои танаффусӣ, аз ҷумла сил, астма ва инсидоди музмини шуш ва ҳамчунин уфунатҳои танаффусии вирусӣ ва бактериявӣ ҳамроҳ аст.