Тавсияҳои муҳимми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои рӯзҳои карантин
(last modified Mon, 13 Apr 2020 08:52:57 GMT )
Апрел 13, 2020 13:52 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои муҳимми Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои рӯзҳои карантин

Тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мавриди карантин ва рафторҳои ҷонибӣ дар тӯли онро бихонед.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мавриди карантин ва рафторҳои ҷонибӣ дар тӯли онро бихонед.

Тафовут байн изулакардан, карантинкардан ва фосилагузории физикӣ чист?

Карантин кардан ба маънии маҳдуд кардани фаолиятҳо ё ҷудокардани афроде аст, ки бемор нестанд аммо мумкин аст дар маърази вируси КОВИД-19 қарор гирифта бошанд. Ҳадаф аз ин кор, назорат бар алоими беморӣ ва ташхиси зудҳангоми мавориди ибтило ба беморӣ аст.

Изула кардан ба маънии ҷудо кардани афроди бемор аст то аз интишори вируси КОВИД-19 ҷилавгирӣ шавад.

Фосилагузории иҷтимоӣ ба маънии ҷудоии физикӣ бо вуҷуди ҳифзи иртиботи иҷтимоӣ аст. Ба унвони мисол ҳифзи иртибот аз тариқи васоили электроникӣ.

Чи мавқеъ бояд худро карантин кунем?

Оё касеро мешиносед, ки мубтало ба вируси КОВИД-19 аст ё ба тозагӣ дучори сурфа, таб ва тангии нафас шуда бошад? Агар ин тавр аст аз худ бипурсед:

Оё 15 дақиқа ё бештар дар фосилаи камтар аз як метр бо ӯ рӯдаррӯ суҳбат кардаед?

Оё бо ҳам дар як маҳалли кор, синф, хона ё гирдиҳамоӣ будаед?

Оё ба касе, ки дучори КОВИД-19 шуда, бидуни ниқоби тиббӣ ва дасткаш хадамоти дармонӣ додаед?

Оё ҳангоми мусофират дар фосилаи камтар аз як метр будаед?

Агар посухи шумо ба ҳар як аз мавориди боло мусбат аст, бояд 14 рӯз худро карантин кунед.

Читавр бояд худро карантин кунем?

Як утоқи бузург бо ҳавои муносиб ва лавозими шустушӯи даст ва дорои дастшӯӣ омода кунед.

Агар ин маврид имконпазир нест, тахтҳои худро ҳадди ақал бо як метр фосила аз ҳам қарор диҳед. Бо дигарон як метр фосиларо риоят кунед.

Лавозими осоиши худро фароҳам оваред: Ғизо ва об, беҳдошт, дору , иртибот бо азизонатон, дастрасӣ ба ахбор ва тафреҳ.

Вазъи саломати худро дар даврони карантин нигоҳ кунед.

Алоими бемориро ба сурати рӯзона чек кунед.

Агар сурфа, таб ва тангии нафас доред, бо шумораҳои саломати миллӣ ё мақомоти саломати умумӣ тамос бигиред.

Ба ҷуз нишастан, замони худро барои машқи йога, машқҳои ҳавозӣ ва дигар фаолиятҳои варзишӣ дар дохили хона сарф кунед.

Бо барқарории тамос бо касоне, ки дӯсташон доред ва барномарезӣ барои дигар фаолиятҳои дохили манзил, мусбатандеш ва пур энержӣ бимонед.