Май 03, 2020 11:32 Asia/Dushanbe
  • Доруе, ки боиси  зиёдшавии коронавирус мешавад

Бархе озмоишҳо нишон додааст, ки яке аз шарбатҳои зидди ҳассосият ба зиёдшавии вируси корона дар бадан кумак мекунад.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал-Олам, дар озмоишҳое, ки донишмандон барои баррасии таъсири анвои намуди доруҳо бар вируси корона анҷом додаанд мушаххас шуд, ки шарбати Декстрометорфан, ки барои дармони сурфа истифода мешавад метавонад сабаби зиёдшавии вируси корона дар бадани фарди мубтало шавад.

Ин шарбат ҳамон фарояндеро фаол мекунад, ки вируси корона барои зиёдшавии худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Яке аз устодони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско дар бораи истифода аз ин дору гуфтааст: Мо лузуман тавсия намекунем, ки ҳама аз масрафи Декстрометорфан худдорӣ кунанд, аммо озмоишҳо нишон додааст, ки ин дору ҳоли беморони мубтало ба вируси коронаро бадтар кардааст.

Донишмандони Донишкадаи дорусозии Сан-Франсиско тавсия кардаанд беҳтар аст ҳама дар замони шуйюи вируси корона ва то замони эъломи натиҷаи ниҳоии таҳқиқот, дар масрафи ин дору ва доруҳои дигаре, ки боиси афзоиши зиёдшавии вирус мешаванд эҳтиёт кунанд.

 

Барчасп