Радди иддаои бесифат будани бастаҳои русии тестҳои ташхиси корона
https://parstoday.ir/tg/news/world-i53344-Радди_иддаои_бесифат_будани_бастаҳои_русии_тестҳои_ташхиси_корона
Ширкати русии тавлидкунандаи бастаҳои тестҳои ташхиси корона иддаои бесифат будани маҳсулоти худро рад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 05, 2020 04:57 Asia/Dushanbe
  • Радди иддаои бесифат будани бастаҳои русии тестҳои ташхиси корона

Ширкати русии тавлидкунандаи бастаҳои тестҳои ташхиси корона иддаои бесифат будани маҳсулоти худро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории русии ТАСС, мудирияти ширкати тавлиди бастаҳо ва таҷҳизоти ташхиси корона бо номи " Виктор" иддаои матраҳшуда аз сӯи бархе расонаҳо дар мавриди сифати пасти  таҷҳизотро рад кард.

Баррасиҳо нишон дод, ки сифати ин бастаҳо аз намунаҳои чинии он беҳтар аст.

Дар Русия низ бо ин таҷҳизот аз ҳудуди 3 миллиону 500 ҳазор бемор озмоиши ташхиси корона гирифта шуд, ки натиҷаҳои бадаст омада дақиқ ва бидуни хато буд.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин бархе расонаҳои хабарӣ муддаӣ буданд, ки  фақат 30 дарсад аз натиҷаҳои бастаҳои озмоиши ташхиси бемории коронаи сохти Русия дуруст ва саҳеҳ аст.

Созмони ғизо ва доруи Русия дар охирҳои моҳи март 210 адад аз бастаҳои ташхиси озмоиши коронаро ба Тоҷикистон ирсол кард, ҳамчунин дар моҳи феврал низ Русия 2 ҳазор бастаи ташхиси коронаро ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил дод.