Хатари ибтило ба бемории коронавирус
(last modified Thu, 14 May 2020 11:47:56 GMT )
Май 14, 2020 16:47 Asia/Dushanbe
  • Хатари ибтило ба бемории коронавирус

Муҳаққиқон дар баррасиҳои худ дараёфтанд, ки бемории коронавирус метавонад рӯдаҳо, гурдаҳо ва дигар аъзои баданро даргир кунад.

Ба нақл аз ИСНА, муҳаққиқон дар баррасиҳои худ мушоҳида карданд, ки коронавирус метавонад аъзои мухталифи бадан, аз ҷумла шуш, гулӯ, ҷигар, мағз, гурдаҳо ва рӯдаҳоро олуда кунад.

Муҳаққиқон дар ду мутолиаи ҷудогона дарёфтанд, ки коронавирус метавонад аз шуш низ фаротар рафта ва андомҳои мухталифи баданро даргир кунад.

Ин ёфтаҳо метавонад нишондиҳандаи ин мазӯъ бошад, ки чаро бемории коронавирус бо аломатҳои мухталифе ҳамроҳ аст.

Коронавирус, гурӯҳи бемориҳои танаффусӣ мебошад ва аз тариқи тарашшуҳоти танаффусӣ мунтақил мешавад, аммо гоҳо ин беморӣ бо исҳол ва дигар аломатҳои  гуворишӣ ҳамроҳ аст.