Октябр 04, 2016 13:30 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи ҳамкории Амрико бо Маскав бар сари Сурия

Давлати Амрико эълом кард, тамоми тамосҳо бо Русияро бар сари поён додан ба хушунатҳо дар Сурия ба ҳолати таъхир даровардааст.

Ҷон Карби, сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико душанбе дар баёнияе гуфт, Иёлоти Муттаҳида мушорикати худро дар гуфтугӯҳои дуҷониба бо Русия, ки ба манзури ҳифзи оташбас (дар Сурия) буд, мутаваққиф мекунад.

Карби идома дод, ин тасмиме набуд, ки ба роҳатӣ рӯйи даст гирифта шуда бошад.

Вай ҳамчунин Маскавро ба риоят накардани тааҳҳудоти худ дар қиболи ин оташбас муттаҳам кард.

Пештар Геннадий Гатилов, муовини вазири хориҷаи Русия ба хабаргузории "ТАСС" гуфта буд, тамоми иртиботот миёни артиши Русия ва Амрико мутаваққиф шуда ва иттилооте (дар бораи Сурия) мубодила намешавад.

Бо вуҷуди ин, гатилов хотирнишон кард: "Мо талош мекунем барои аз саргирии оташбас дар Сурия бо амрикоиҳо ба тавофуқ бирасем".

Вай афзуд: "Бо вуҷуди тамосҳои матаориф миёни дипломатҳои рус ва амрикоӣ, ин масъала ҳамчунон ҳал нашудааст".

Ин мақоми рус ҳамчунин таъкид кард, Маскав дар хусуси сарнавишти Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия бо Вашингтон гуфтугӯ намекунад.

Оташбас дар Сурия бо миёнҷигарии Вашингтон ва Маскав аз рӯзи 22- шаҳривар барқарор шуд ва ба муддати як ҳафта идома пайдо кард.

Дар хилоли ин оташбас,эътирозгарон борҳо оташбасро нақз карданд, ҳамчунин ду ҷангандаи эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар хилоли ин оташбас мавозеи артиши Сурияро бомбаборон карданд, ки дар ин ҳамалот даҳҳо низомии сурӣ куштаву захмӣ шуданд.