Июн 22, 2020 09:21 Asia/Dushanbe
  • Масрафи ин ду дору барои беморони КОВИД-19 марговар аст

Натиҷаҳои як баррасӣ нишон медиҳад, ки масрафи ду намуд аз доруҳо барои беморони КОВИД-19 хатари маргро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дейли-Мейл, натиҷаҳои пажӯҳиши нави муҳаққиқони Кореяи Ҷанубӣ ҳокӣ аз он аст, ки масрафи ибупрофен ва напроксен мумкин аст ҳоли мубталоён ба КОВИД-19-ро бадтар кунад ва хатари маргро барои беморони бистарӣ афзоиш диҳад.

Ба гуфтаи ин пажӯҳишгарон агар чи қаблан таҳқиқоте дар бораи ибупрофен ва осеби он ба беморони коронаӣ мунташир шуда буд, пажӯҳишҳои нав доруи напроксенро низ ба ибупрофен изофа мекунад.

Напроксен мусаккин, зидди илтиҳоб ва барои таскини дардҳое назири артрит, раг ба раг шудани азулаҳои бадан ё зарбдидагии устухон, камардард, гут ва ... корбурд дорад.

Таҳқиқоти Кореяи Ҷанубӣ бо баррасии маргу мири мубталоён ба вируси корона нишон дод доруҳои мусаккини зидди дард хатари маргро 65 дарсад афзоиш додааст.

Натиҷаҳо ҳамчунин нишон дод, ки доруҳои зидди илтиҳоби ғайристероидӣ (NSAIDs) мумкин аст 85% хатари мубтало шудан ба оризаҳои ҷиддии қалб ё куллияро афзоиш диҳад.

 

Барчасп