Июн 27, 2020 17:42 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди як навъ ваксина барои муқобила бо корона дар Чин

Идораи тавлидоти пизишкии миллии Чин аз тавлиди як навъ ваксина барои муқобила бо вируси корона хабар дод.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Идораи тавлидоти пизишкии миллии Чин рӯзи шанбе эълом кард, ин ваксина, ки « Ор.Ку. Вей» номида мешавад, дар навъи худ беҳамто аст ва барои аввалинбор дар Чин сохта шуда барои озмоишҳои клиникӣ тасвиб шудааст.

Таҳқиқот нишон медиҳад ин ваксина, ки рӯи мушҳо ва гунае аз бузинаҳои харчангхор озмоиш шудааст, метавонад дар бадан ба мизонии бисёр боло тавлиди подтан кунад ва аз ҳуҷайраҳои бадан дар баробари вируси корона дифоъ мекунад.

Комиссияи миллии беҳдошт ҳам имрӯз шанбе аз сабти 21 мавриди нави олудагӣ ба вируси корона дар ин кишвар дар 24 соат хабар дод ва эълом кард, шумори кулли мубталоён ба ин вирус ба 83 ҳазору 483 нафар расидааст.

Бар асоси ин гузориш, то кунун 4 ҳазору 634 нафар дар Чин бар асари корона ҷон бохтанд.