Июл 07, 2020 11:35 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Покистон бар оғози музокироти фарогир дар Афғонистон

Давлати Покистон бар нақши ҷомеаи ҷаҳонӣ барои оғози музокироти фарогир дар Афғонистон барои поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар таъкид кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Вазорати умури хориҷаи Покистон эълом кард: Исломобод аз ҷомеаи ҷаҳони мехоҳад то барои итминон аз оғози сареи гуфтугӯҳои фарогир байни гурӯҳҳои Афғонистон нақшофаринӣ карда ва пеши харобкорӣ дар фароянди сулҳро бигирад.

Давлати Покистон таъкид кард: Бозгашти оворагони афғон ба кишварашон бояд бахше аз раванди сулҳ ва оштии Афғонистон бошад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз бозгашти онҳо, пуштибонӣ кунад.

Эрон ва Покистон солҳост, ки пазирои ҳудуди 5 миллион муҳоҷири афғонистонӣ ҳастанд ва ин амр мушкилотро барои ду кишвар ба вуҷуд овардааст.

Аз сӯи дигар мақомоти Покистон дирӯз душанбе дар нишасти маҷозӣ бо меҳварияти Афғонистон ҳузур ёфтанд ва бар аҳамияти шурӯи фаврии гуфтугӯҳои байниафғонӣ таъкид карданд.

Ин нишасти видеоконфронс бо унвони "Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ" бо ҳузури Ашраф Ғанӣ- раиси ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шурои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва ба мизбонии Кобул баргузор шуд.