Толибон масъули ҳамлаи террористӣ дар Самангони Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55397-Толибон_масъули_ҳамлаи_террористӣ_дар_Самангони_Афғонистон
Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамла ба сохтмони идораи амнияти миллӣ дар вилояти Самангони Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 13, 2020 13:08 Asia/Dushanbe
  • Толибон масъули ҳамлаи террористӣ дар Самангони Афғонистон

Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамла ба сохтмони идораи амнияти миллӣ дар вилояти Самангони Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон рӯзи душанбе  эълом кард, дар ҳамлаи афроди Толибон ба сохтмони идораи амнияти милиии вилояти Самангон дар шимоли Афғонистон 70 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ин дар ҳолест, ки Раиси идораи беҳдошт ва дармони вилояти Самангон гуфт: пас аз инфиҷори мошини бомба гузошташуда 43 захмӣ, аз ҷумла низомиён ва ғайринизомиён ба бемористон мунтақил шуданд, ки вазъияти ҷисмии 8 нафар вазнин аст.