Июл 15, 2020 18:35 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон

Амрико нерӯҳои худро дар Афғонистон ба 8600 тан коҳиш дод.

Як фармондеҳи амрикоии мустақар дар Кобул эълом кард, ки Амрико тибқи тавофуқномаи имзошуда бо гурӯҳи Толибон, бо таътил кардани фаъолияти панҷ пойгоҳи низомии худ дар ин кишвар, теъдоди сарбозони худро, ки дар Афғонистон мустақар ҳастанд, ба 8 ҳазору 600 нафар коҳиш додааст.

Ин мақоми низомии амрикоӣ, ки хост номаш фош нашавад, гуфт, ки Амрико бар асоси тавофуқномаи сулҳе, ки дар моҳи феврал (исфандмоҳи гузашта) бо гурӯҳи Толибон дар Қатар имзо карда буд, панҷ пойгоҳи низомии худро дар вилоятҳои Ҳилманд, Пактиё, Уразгон ва Луқмон таътил кардааст.

Амрико ва Толибон дар моҳи феврал як тавофуқномаи сулҳ имзо карданд. Ин аввалин тавофуқ аз оғози амалиёти низомии Амрико дар Афғонистон баъд аз ҳамалоти террористии 11 сентябри 2001 дар Амрико буд.

Дар ин тавофуқ аз Амрико хоста шудааст то нерӯҳои худ дар Афғонистонро то 13 июл аз 13 ҳазор нафар ба 8 ҳазору 600 нафар коҳиш диҳад.

Хуруҷи нерӯҳои низомӣ яке аз ваъдаҳои интихоботии раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп будааст.

Як сухангӯи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон низ ба шабакаи телевизионии Эн Эйч Кейи Ҷопон гуфт, ки кори коҳиши теъдоди сарбозон анҷом шудааст.

Тибқи тавофуқномаи сулҳи Амрико ва Толибон, қарор аст боқимондаи нерӯҳои амрикоӣ ҳам зарфи муддати 14 моҳ хоки Афғонистонро тарк кунанд.

Дар авохири моҳи июн дар вилояти Бағлони Афғонистон даргириҳои шадид барои тақрибан як ҳафта идома дошт, ки беш аз 290 кушта, аз ҷумла дар миёни нерӯҳои амниятӣ барҷой гузошт.