Биступанҷуми зилқаъда - рӯзи “Даҳвуларз”
Биступанҷуми моҳи зилқаъда рӯзи “Даҳвуларз”, яъне густариши Замин аст ва ин рӯз фурсате вижа барои розу ниёз бо холиқи бениёз аст.
“Даҳвуларз” неъмати бузурге аст, ки Худованд бар башар арзонӣ дошт, ки огоҳӣ аз ин неъмат худ аввалин ибодати ин рӯз аст. Зеро огоҳӣ аз неъмат ва каму кайфи он аввалин мартабаи шукр аст. Дар ривоёти зиёде омада, ки дар биступанҷуми зилқаъда Каъба насб гардида, замин густурда шуда, одам пойин омада, Халил ва Исо (алаҳимоссалом) мутаваллид шуданд ва раҳмат пахш шудааст.
“Даҳв” ба маънои густариш аст ва баъзе низ онро ба маънои такон додани чизе аз маҳалли аслиаш тафсир кардаанд. Манзур аз “Даҳвуларз” (густурда шудани Замин) ин аст, ки дар оғоз тамоми сатҳи заминро обҳои ҳосил аз боронҳои селобии нахустин фаро гирифта буд. Нуктаи муҳим ин ки ин шаб яке аз беҳтарин замонҳо барои руҷуъ ба даргоҳи илоҳӣ аст ва ба ҷиҳати азамати ин шаб Худованд тафаззул мекунад.