Джо Байден Трампро нахустин раисҷумҳури нажодпарасти Амрико хонд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55727-Джо_Байден_Трампро_нахустин_раисҷумҳури_нажодпарасти_Амрико_хонд
Номзади аслии Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, раисҷумҳури феълиро нахустин раисҷумҳури нажодпарасти Амрико хонд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 23, 2020 18:18 Asia/Dushanbe
  • Джо Байден Трампро нахустин раисҷумҳури нажодпарасти Амрико хонд

Номзади аслии Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, раисҷумҳури феълиро нахустин раисҷумҳури нажодпарасти Амрико хонд.

Ба гузориши торнамои хабарии рӯзномаи "Гвардиан", Джо Байден, номзади аслии Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 Амрико, бо таваҷҷӯҳ ба рӯҳиёт ва рафтори Доналд Трамп, таи муддати ҳузур дар Кохи Сафед, вайро раисҷумҳури нажодпараст хонд.

Байден афзуд: Трамп нажодпарастиро ривоҷ медиҳад ва равише, ки вай бо мардум бархӯрд мекунад, мубтанӣ бар ранги пӯсти онҳо, табор ва миллияти онҳо, дарвоқеъ инзиҷоровар аст.

Байден пештари низ гуфта буд, ки Доналд Трамп бо сӯҳбатҳо, сиёсатҳо, интисобот ва рафторҳояш бар шӯълаҳои нафрат дар саросари ин кишвар дамидааст.