Июл 26, 2020 19:40 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико аз моҳҳо пеш аз террори сардор Қосими Сулаймонӣ, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро ба ин иқдом ташвиқ ва тарғиб кардааст.

Ба навиштаи Саймон Тисдал дар нусхаи "Гвардиан", Помпео пешинаи торике аз пайгирии бадтарин таконаҳоро дар саҳнаи сиёсии ИМА дорад.

Помпео террори моҳи январи соли 2020-и генерал Қосими Сулаймониро бо гуфтани ин сухан, ки вай таҳдиди фаврӣ барои манофеи Иёлоти Муттаҳида буда, тавҷеҳ кард.

Ин дар ҳолест, ки Агнес Коломорад, бозраси СММ, дар моҳи ҷорӣ (июл) бо ғайриқонунӣ хондани ин иқдом эълом кард, ки ҳеҷ мадрак ва санаде барои исботи ин иддаои Помпео вуҷуд надорад.

Тисдал дар бахше дигар аз ин навиштор меафзояд: Давлати Иёлоти Муттаҳида ду чеҳра аз худ ба ҷаҳониён нишон медиҳад: яке меҳрубон, боз, шаффоф ва бузургманишона ва дигарӣ таҳти таъсири муҳосибот, торик ва худхоҳона аст. 

Помпео бонуфузтарин мушовири Трамп ва ҷонишини эҳтимолии ӯ, чеҳраи бепарда ва муҳоҷими бахши дуввуми нерӯи мудохилаҷӯ, муҳоҷим ва дуруғгӯи Амрикост.

 

Барчасп