Пешниҳоди Арабистон ба Русия барои муомила бар сари Асад
Вазири хориҷаи Арабистон эълом кард, Арабистон омодааст бо Русия ба унвони яке аз бузургтарин тавлидкунандагони нафти дунё, ҳамкорӣ кунад.
Ба гузориши шабакаи "Хабар"-и Эрон, Одил Ҷубайр афзуд, кишвараш ҳозир аст, дар қибол даст кашидани Русия аз Асад, саҳме дар Ховари Миёна ба Русия бидиҳад, ки ин кишварро бисёр нерӯманд аз даврони Иттиҳоди Шуравӣ кунад.
Вай таъкид кард, Русия метавонад бо қабӯли хостаи Арабистон, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории густардаеро бо кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, оғоз кунад.
Ҷубайр муддаи шуд, "мантиқӣ аст, ки аз нигоҳи Русия, манофеи ин кишвар дар тақвияти равобиташ бо Арабистон бошад, на Башор Асад".
Вай ҳамчунин бо тарҳи ин иддаои нахнамо, ки Башор Асад ба зуддӣ суқӯт мекунад, ба русҳо гуфт, "пеш аз он ки дер шавад, ин муомиларо бипазиред".
Маскав токунӯн борҳо хостаи гурӯҳи кишварҳои ғарбӣ- арабии зидди сурӣ бавижа Амрико ва Арабистонро барои поёни ҳимоят аз давлати Сурия рад ва эълом карда, ки Асад-раисиҷумҳури қонунии ин кишвар аст ва фақат суриҳо метавонанд бо як ҳамапурсӣ дар ин маврид, тасмим бигиранд.