Россия: Довталабоне, ки ваксинаи коронаро гирифтанд дар саломат ҳастанд
Вазорати дифои Россия 42 рӯз пас аз тазриқи ваксинаи короноии худ ба довталабон эълон кард, ки ҳамаи онон дар саломат ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, Вазорати Дифои Русия эълон кардбаррасии довталабоне, ки дар бемористони низомии Бурденкои Маскав ба онон воксани корона тазриқ шуда буд, нишон дод, ки дар ҳамаи онон масуният дар баробари вирус эҷод шуда ва ҳеҷ гуна аворизи ҷонибӣ ё ихлол дар бадани онон рух надодааст.
Вазорати дифои Русия ваксинаи коронаро дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии таҳқиқоти эпидемиологӣ ва микробиологии назди Вазорати тандурустӣ таҳия кардааст.
Тибқи нақша, пас аз 42 рӯз ваксинаи корона ба ихтиёриён дода шуд, онҳо барои ташхиси тиббӣ ба беморхонаи Бурденко баргаштанд.
Тибқи иттилои Вазорати дифои Русия, иттилоот нишон медиҳад, ки ваксинаи коронаро, ки онҳо таҳия кардаанд, дар бадани инсон бехатар ва таҳаммулпазир аст.
Озмоишҳои клиникии ваксина аз 3 то 20 июл гузаштанд ва ихтиёриён таҳти муроқибати табибони махсуси беморхонаи Бурденко қарор доштанд.