Август 09, 2020 20:57 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни вируси корона дар Россия ба 15 ҳазор нафар расид

Аз ибтидои шуюи вируси корона дар Россия, то кунун беш аз 887 ҳазор маврид аз ин уфунат дар 85 минтақаи ин кишвар сабт шуда, 14 ҳазору 931 нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 693 ҳазор бемор ба таври комил дармон шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, штаби амалиёти пешгирӣ ва контроли вируси карона дар Россия, имрӯз (якшанбе) гузориш дод,ки таи як рӯзи гузашта 5 ҳазору 189 мавриди ҷадиди уфунати вируси карона дар ин кишвар мушоҳида шуда ва бадин тартиб, теъдоди кули афроди олуда ба 887 ҳазору 636 нафар афзоиш ёфиааст.

Бар асоси ин иттилоот, бештарини мавориди ҷадиди бемории Ковид-19 дар шаҳри Москва-689 маврид, дар минтақаи Свердловск-184маврид, дар Санк-Петербург-160 маврид, дар минтақаи худмухтори Ханти-Мантийск -150 маврид ва дар минтақаи Москва-149 маврид шиносоӣ шуд.

Зимни инки, теъдоди беморие, ки беш аз ин ба уфунати корона мубтало шуда ва таи рӯзи гузашта беҳбуд ёфтанд, 3 ҳазору 215 нафар буда то дар маҷмӯъ, 693 ҳазору 422 бемор баъд аз гузаронидани давраи дармон, аз бемористонҳо мураххас шаванд.

Тибқи ин додаҳо, бештарини мавориди беҳбудӣ, 803 бемор дар Москва будааст. Бадин тартиб, пизишкони пойтахт то кунун беш аз 189 ҳазор нафарро аз бемории Ковид-19 дармон кардаанд.

Баъд аз Москва, 189 бемор дар минтақаи Красноярск, 176 бемор дар минтақаи Москва, 146  дар минтақаи худмухтори Ямало-Ненетск , беҳбуд ёфтаанд.

Ин штаб ҳамчунин ёдовар шуд,ки теъдоди маргумир ноши аз вируси карона дар Россия таи 24 соати гузашта, фақат 77 нафар афзоиш ёфтааст. Ба ин тартиб, ки 12 марг дар шаҳри Москва, ҳафт маврид дар минтақаи Навосибирск, панҷ маврид дар минотиҷи Тула ва Сведрловск ва дар Санкт-Пеербург ва чанд минтақаи дигари Россия низ се мавриди марг сабт гардид. Дар маҷмӯъ, шумори қурбониёни вируси карона дар 85 минтақаи Федерасияи Россия ба 14 ҳазору 931 нафар расидааст.

Илова бар ин , Сервиси Федералии беҳдоштӣ ва рифоҳи инсонии Россия низ имрӯз эълом кард, ки то ба имрӯз беш аз 30 миллиону 600 ҳазор озмоиш барои ташхиси уфунати вируси карона анҷом шудааст. Танҳо дар тули рӯзи гузашта 298 ҳазор тести карона анҷом шуда ва беш аз 241 ҳазор шаҳрванди рус ба далели машкук будан ба олудагӣ ба вируси карона таҳти назорати пиҳишкӣ қарор доранд.

 

Барчасп