Тағирот дар истеҳсоли ниқоб; То се маротиба муҳофизати бештар
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56288-Тағирот_дар_истеҳсоли_ниқоб_То_се_маротиба_муҳофизати_бештар
Истифода аз ниқоб кумаки асосӣ ба таваққуфи шуюи коронавирус мекунад ва ин мавзӯи ширкатҳои мухталифи ҷаҳонро водоштааст то ниқобҳои бо қобилияти муҳофизати болотре тавлид кунанд .
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 09, 2020 16:43 Asia/Dushanbe
  • Тағирот дар истеҳсоли ниқоб; То се маротиба муҳофизати бештар

Истифода аз ниқоб кумаки асосӣ ба таваққуфи шуюи коронавирус мекунад ва ин мавзӯи ширкатҳои мухталифи ҷаҳонро водоштааст то ниқобҳои бо қобилияти муҳофизати болотре тавлид кунанд .

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садоии Хуросони Разавӣ ба нақл аз Ню Атлас, ин рӯзҳо ки шуюи корона ҳамчунон идома дорад , тавсияи акиди Маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳои Иёлоти Муттаҳида (CDC ) ин аст ки мардум аз ниқоб истифода кунанд . Бо тавваҷӯҳ ба ин мавзӯ , як ширкати электроникии масрафӣ ба номи " Brio Protection " ҳам бахше аз модели тиҷории худро барои кӯмак ба таҳияи манобеи пизишкӣ ва коҳиши камбудҳои муроқибатҳои беҳдоштӣ ба кор гирифтааст . Ин ширкати Амрикоӣ пеш аз ин беш аз ду миллион ниқоби " N95 "ро ба системаи дармон таҳвил дода буду ҳоло дар талош аст, ки маҳсулот бо эминии болоро ба дасти машоғили кӯчаку афрод бирасонад.Ин ширкат ниқобе тавлид карда, ки аз порчаи кашиши ғайри бофт сохта шуда ва барои истифода дар тамомии суратҳо бо ҳар шаклу андозае муносиб аст . Филтери ин ниқоб  се баробар буда ва метавон то ду ҳафта аз он истифода кард .Ин ниқоб 80 дарсад аз зарроти муаллақи музир , вирусҳо ва бактерияҳоро масдуд мекунад .Ин дар ҳоле аст, ки сойири ниқобҳои порчае бо қобилияти истифодаи муҷаддад , тақрибан 15 доллару бештар қиммат доранд, вале ниқоби " 3D Comfort " танҳо ду то чаҳор доллар қиммат дораду муҳофизат аз суратро се баробар мекунад .Бо чунин қиммати муносибе , созмони ғизо ва дору ин маҳсулро таъйид кард то мардум  ин фурсатро дошта бошанд ки дар маконҳои мухталиф аз ин ниқоб истифода кунанду дар мавориди уржонсӣ теъдоди бештаре таҳия кунанд .Ширкати " Brio Protection " дар назар дорад ниқобҳои худро ба кадри дармон эҳдо кунад .