Август 12, 2020 19:07 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз шаш ҳазор муътариз дар Беларус

Вазорати умури дохилии Беларус эълом кард, беш аз шаш ҳазор нафар дар эътироз ба натоиҷи интихоботи ин кишвар боздошт шуданд.

Ба гузориши рӯзномаи “Гордиан”, шашумин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Беларус рӯзи якшанбе баргузор шуд ва Александр Лукашенко, раисҷумҳури ин кишвар бо касби беш аз 80 дарсади оро ба пирӯзӣ расид ва Светлана Тихоновская, рақиби аслии Лукашенко тавонист 9.9 дарсади ороро ба даст оварад.

Пас аз поёни интихобот ва эъломи пирӯзии муҷаддади Лукашенко дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, тарафдорони рақиби шикастхӯрда дар хиёбонҳои шаҳрҳои мухталифи Беларус ба раванди баргузории интихобот эътироз карданд ва бо полис даргир шуданд, ки дар ин эътирозот то кунун як нафар кушта, даҳҳо тан маҷрӯҳ ва ҳазорон нафар боздошт шудаанд.

Светлана Тихоновская, раҳбари мухолифони давлати Беларус хостори поён додан ба эътирозоти хиёбонӣ шудааст.

 

 

 

 

 

 

Барчасп