"Иблиси Амрико" кист?
Рӯзномаи кувайтии Ал-Қабас дар гузорише дар бораи сафари домод ва мушовири Доналд Трамп дар Ховари Миёна дар ояндаи наздик, аз Ҷаред Кушнер ба унвони "Иблиси Амрико" ёд кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз торнамоии шабакаи Ал-Олам , Ал-Қабас дар оғози гузориши худ навиштааст : «замоне, ки аз ӯ ва иртиботаш бо масаълаи Фаластин сухан мегӯем , ба суръат ин сифот ба зеҳн мерасад : яҳудӣ , ҳомии тундравии Исроил , бидуни фаҳми сиёсӣ , тоҷир ва савдогар . Ӯ Ҷаред Кушнер, домоди Раиси Ҷумҳурии Амрико ва аз саршиностарин мушовирон вай аст . " Иблиси амрикоӣ ", ки ибтидои моҳи ояндаи мелодӣ барои такмили раванди созиш ба минтақа хоҳад омад.»
Ба навиштаи Ал-Қабас , Ҷаред Кушнер, ки дар асл аз як хонаводаи наҷотёфта аз Холокост аст дар даврони таҳсил дар мадрасаҳои ибрӣ забон, ки дар он парчами " Исроил " барафрошта мешуд дарс хонда аст .
Рӯзномаи кувайтӣ аз равобити наздики хонаводаи Кушнер бо натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ хабар дода ва навиштааст : замоне, ки рӯзномаҳои исроилӣ феҳристи кумаккунандагон ба Гатаняҳуро мунташир карданд номи Чарлз Кушнер, падари домоди Трамп дар аввали ин феҳрист қарор дошт .
Ал-Қабас афзудааст : бо вуҷуди надоштани фаҳму дониши сиёсӣ ва торихӣ , Чаред Кушнер токунун ба лутфи Трамп ба болотарин сутӯҳи сиёсати хориҷии Амрико расида ва мансабҳои бисёреро бар ӯҳда гирифтааст, ки муҳимтарини он парвандаи « Ховари Миёна » аст .
Кушнер аз нуфузи болоӣ дар давлати Трамп бархурдор аст , ба тавре, ки мушовири собиқи амнияти миллии Амрико Ҷон Болтон дар бора ӯ мегӯяд : « ҳеч фарде ба андозаи Кушнер бар Трамп нуфуз надорад .»