Оғози тавзеъи ваксинаи русии корона барои ваксинасиони умумӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57255-Оғози_тавзеъи_ваксинаи_русии_корона_барои_ваксинасиони_умумӣ
Вазорати беҳдошти Русия рӯзи сешанбе эълом кард, ки тавзеъи нахустин бастаи ваксинаи русии корона дар марокизи дармонӣ ва беҳдоштӣ барои ваксинасиони умумӣ дар ин кишвар оғоз шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 08, 2020 09:55 Asia/Dushanbe
  • Оғози тавзеъи ваксинаи русии корона барои ваксинасиони умумӣ

Вазорати беҳдошти Русия рӯзи сешанбе эълом кард, ки тавзеъи нахустин бастаи ваксинаи русии корона дар марокизи дармонӣ ва беҳдоштӣ барои ваксинасиони умумӣ дар ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Вазорати беҳдошти Русия дар баёнияе эълом кард: Нахустин маҳмулаи ваксинаи корона бо номи «Спутник-В», ки дар маркази илмии пандемияология ва микробшиносии Гамалияи Вазорати беҳдошти Русия сохта шудааст, пас аз озмоишҳои лозим барои истифодаи умумӣ арза шуд.

Дар ин баёния пешбинӣ шудааст дар ояндаи наздик маҳмулаҳои ин ваксина ба манотиқи мухталифи Русия ирсол шавад.

Ваксинаи Спутник-В, ки ҳудуди як моҳ пеш ба сурати расмӣ дар Русия ба сабт расид, дар се марҳила озмоиш шуд, ки дар марҳилаи севуми он ҳафтаи гузашта се ҳазор довталаб дар Маскав ширкат карданд.

Сергей Шойгу- вазири дифоъи Русия, Сергей Собянин- шаҳрдори Маскав ва Владимир Жиринефски- раҳбари Ҳизби либералдемократи Русия аз ҷумла афроде буданд, ки ин ваксинаи коронаро дарёфт кардаанд.