Путин : Русия хостори ҳаллу фасли сиёсии буҳронҳои ҷаҳон аст
Раиси ҷумҳурии Русия гуфт : Маскав хостори ҳаллу фасли сиёсӣ ва дипломатии масоилу буҳронҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар фазойи мусолиматомез аст .
Ба гузориши ИРНА,Владимир Путин-раиси ҷумҳурии Русия рӯзи сешанбе дар суханронии маҷозии худ дар ҳафтоду панҷумин нишасти Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бар зарурати эҷоди « каридорҳои сабз » барои тиҷорати орӣ аз ҷангу таҳрим таъкид кард .
Путин дар идома бо ишора ба кашфи ваксина(эм)и корона дар Русия эълом кард : Маскав омодаи ҳар гуна мушорикат дар заминаи мубориза бо корона аст .
Вай бо баёни инки имкониятҳои Созмони тандрустии ҷаҳонӣ бояд ба хубӣ тақвият шавад , пешниҳод кард як конфронси он-лайн дар робита бо ваксинаи корона баргузор шавад .
Путин афзуд : Ваксинаи корона дар ояндаи наздик дар дастраси ҳамаи ҷаҳон қарор мегирад .
Раиси ҷумҳурии Русия дар идома изҳор дошт : Русия хостори муттаҳид сохтани талошҳо дар заминаи контроли силоҳҳо аст ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба сурати муштарак ва бо такя бар усули Созмони Миллали Муттаҳид амал кунад .
Путин хотирнишон кард :Дар бораи масаълаи тамдиди паймони Старти нав бояд ҳар чӣ зудтар тасмимгирӣ шавад, чаро ки Русия хостори дастёбӣ ба тавофуқе барои мамнӯъияти низомисозии фазо аст .
Паймони Старти нав ( New START )- тавофуқи коҳиши силоҳҳои стратегии дуҷониба миёни Амрико ва Русия аст, ки апрели 2010 миёни Барак Обама-раиси ҷумҳурии вақти Амрико ва
Дмитрий Медведев - ҳамтои руси ӯ дар шаҳри Прага,пойтахти ҷумҳурии Чехия имзо шуда буд .
Бар асоси ин паймон ду тараф бо коҳиши зарродхонаи ҳастаии худ мувофиқат карданд .Санаи поёни ин қарордод панҷи феврали 2021 аст .