Сагҳое. ки дар камтар аз 10 сония коронаро шиносоӣ мекунанд
Чаҳор саги вирусёб, ки метавонанд дар камтар аз 10 сония вуҷуди вирусро дар бадани инсон ташхис диҳанд дар фурудгоҳи Хелсинкии Финляндия ба кор гирифта шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИЛНА, чаҳор саги вирусёб аз ду рӯзи пеш фаъолияти худро дар фурудгоҳи Хелсинкӣ оғоз карданд ва пажӯҳишгарони Финландӣ умедворанд бо ҳузури ин ҳайвонҳо равише дақиқ , сариъ ва арзони ҷойгузини озмоишҳои марсуми ташхиси корона пайдо шавад .
Ҳар кадом аз ин сагҳо метавонанд дар камтар аз 10 сония вуҷуди вирусро дар бадани инсон ташхис диҳанду тамоми фароянди озмоиши камтар аз як дақиқа тӯл мекашад .
Равиши истифода аз сагҳои вирусёб ба ин тартиб аст, ки маъмурон аз мусофирон мехоҳанд як дастмолро ба чона ва гардани худ бикашанду сипас он дастмол дар канори дастмолҳои дигар қарор мегирад то маъмурияти саг оғоз шавад .
Ҳайвон бо бу кашидани дастмолҳо вақте ба мавриди олуда ба вируси коронаӣ расид , вокунише тамриншуда аз худ нишон медиҳаду пас аз он маъмурон аз мусофири машкук мехоҳанд озмоиш PCR бидиҳад то ташхиси саг ростиозмоӣ шавад .
Ин чаҳор саг пештар барои ташхиси бемориҳое , чун саратон ва диябет ба кор гирифта мешуданду дар озмоишҳои ибтидоӣ дар донишгоҳ тақрибан 100 дар сад диққат дар шиносоии мавориди ибтило ба корона сабт карданд .
Нуктаи аҷиб ин ки сагҳо ҳатто чанд рӯз пеш аз бурузи нишонаҳои беморӣ дар инсон тавонистаанд онро ташхис диҳанд .
Тобистони имсоли донишмандони фаронсавӣ дар пажӯҳишҳои худ ба ин натиҷа расиданд, ки сагҳо метавонанд буи мутафовити вирусро аз дигари бӯҳо ташхис диҳанд .
Дарвоқеъ, бадани афроди мубтало ба коронаи навъе роиҳаи ширин тавлид мекунад, ки бисёр мутафовит аз бӯи бадани инсон солим асту сагҳо бо ҳисси бӯёии қавии худ ин роиҳаро шиносоӣ мекунанд .