Зуд хобидан барои ин беморон мӯъҷиза мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57992-Зуд_хобидан_барои_ин_беморон_мӯъҷиза_мекунад
Ба гуфтаи муҳаққақон, шаббедорӣ барои беморони мубтало ба диабети навъи 2 бисёр музир аст.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Октябр 03, 2020 08:06 Asia/Dushanbe
  • Зуд хобидан барои ин беморон мӯъҷиза мекунад

Ба гуфтаи муҳаққақон, шаббедорӣ барои беморони мубтало ба диабети навъи 2 бисёр музир аст.

Ба гузориши Меҳр, муҳаққиқони Донишгоҳи Лестери Бритониё дар мутолиаи беморони мубтало ба диабети навъи 2 дарёфтанд афроде, ки шаб дер мехобанд ва субҳ дер аз хоб бедор мешаванд, камтар варзиш мекунанд дар натиҷа саломатиашон дар маърази хатари бузурге қарор дорад.

Доктор Ҷозеф Ҳендсон, сарпарасти тими таҳқиқ, дар ин бора мегӯяд, фаҳми инки читавр муддатзамони хоб метавонад бар фаъолияти физикӣ таъсир гузорад, метавонад ба афроди диабетӣ дар контроли саломатиашон кумак кунад.

Вай дар идома меафзояд, афроди мубтало ба диабет бояд сабки зиндагии солим дошта ва варзиш кунанд. Афроде, ки дер ба рахтихоб мераванд 56 дарсад камтар аз афроди саҳархез мубтало ба диабет, варзиш мекунанд, ки барои саломатиашон музир аст.

Варзиш барои ҳар шахсе, аз ҷумлаи афроди мубтало ба диабет муҳим аст, чаро ки ба ҳифзи вазни солим ва фишори хун кумак мекунад ва риски бемории қалбиро коҳиш медиҳад.

Дар ин мутолиа беш аз 600 бемори мубтало ба диабети навъи 2 ба муддати як ҳафта аз назари хоб, истироҳат ва таҳарруки физикӣ таҳти назар буданд.