Вокунишҳо ба суханони исломситезонаи Макрон
(last modified 2020-10-03T10:20:14+00:00 )
Октябр 03, 2020 15:20 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба суханони исломситезонаи Макрон

Мусалмонони Фаронса ба изҳороти исломситезонаи раиси ҷумҳури Фаронса вокуниш нишон доданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии Ал Ҷазира, Yasser Louati, фаъоли мусалмон дар “Твиттер”-и худ навишт: “саркӯби мусалмон як таҳдид аст”.

Ба навиштаи ин фаъоли мусалмон, Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар суханронии худ ростҳои тундрави зидди мусалмононро ҷасорат бахшид.

Rim Sara Alaon аз дигар фаъолони маданӣ дар Фаронса, низ дар ҳисоби корбарии “Твиттер”-и худ навишт: “Макрон исломро дине тавсиф мекунад, ки имрӯз дар саросари дунё дучор буҳрон шудааст,”

Раисиҷумҳури Фаронса, рӯзи ҷумъа дар идомаи сиёсатҳои исломситезона дар ин кишвар аз лоиҳаи зиддиисломӣ рӯнамоӣ кард ва муддаӣ шуд, ҳадаф аз ироаи ин лоиҳа мубориза бо ифротгароӣ ва тафриқа аст.

Лоиҳаи давлати Фаронса ба таври куллӣ дар хусӯси тақвияти секуляризм ва ҷудо кардани ниҳодҳои мазҳабӣ, аз ҷумлаи калисоҳо аз давлат аст, аммо муқобила бо сармоягузории хориҷӣ барои сохти масоҷид ва мадориси мазҳабии хусӯсӣ ва тақобул бо имомони ҷамоати дорои тобеияти хориҷӣ дар Фаронсаро низ дар бар мегирад.

Бо вуҷӯди инки Фаронса бузургтарин ҷомеаи мусалмонон дар Аврупоро дар худ ҷой додааст, аммо маҳдӯдиятҳои густардае алайҳи мусалмонон дар ин кишвар ба иҷро даромадааст.

Гурӯҳҳои тарафдори ҳуқуқи башар муътақиданд, ки қавонини секуляризм ва зиддимазҳабӣ дар Фаронса сабаб шудааст, исломҳаросӣ дар ин кишвар тақвият шавад ва ҷомеаи мусалмони Фаронса мавриди табъиз қарор бигиранд.

 

Барчасп