Нишастани магас рӯи сари Майк Пенс сюжет шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58159-Нишастани_магас_рӯи_сари_Майк_Пенс_сюжет_шуд
Нишастани як магас рӯи сари муовини Раиси Ҷумҳурии Амрико ҳангоми мунозира бо муовини Ҷо Бойден вокунишҳои ҷолиби корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба думбол дошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 08, 2020 23:02 Asia/Dushanbe

Нишастани як магас рӯи сари муовини Раиси Ҷумҳурии Амрико ҳангоми мунозира бо муовини Ҷо Бойден вокунишҳои ҷолиби корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба думбол дошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷо Бойден рақиби Доналд Трамп дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико бо интишори аксе аз худ дар ҳоле, ки як магаскуш дар даст дошт дар Твиттер навишт: "Панҷ доллар барои ин магас кӯмак кунед."

Бархе корбарон навиштанд: "Ин саҳна танҳо чизе аст, ки аз мунозираи Пенс - Ҳаррис дар ёдҳо хоҳад монд."

Бархе тарафдорони Бойден ҳам навиштанд: "Магас рӯи сари тарафи бозандаи интихобот нишаст."