Инстаграм чиқадар аз ҳаҷми интернетро масраф мекунад?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58262
Шабакаи иҷтимоии Инстаграм ҳаҷми зиёде аз интернети корбаронро масраф мекунад ва сабаб мешавад то зуд-зуд пайғоми поёни ҳаҷми интернетро дарёфт кунанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 12, 2020 14:11 Asia/Dushanbe
  • Инстаграм чиқадар аз ҳаҷми интернетро масраф мекунад?

Шабакаи иҷтимоии Инстаграм ҳаҷми зиёде аз интернети корбаронро масраф мекунад ва сабаб мешавад то зуд-зуд пайғоми поёни ҳаҷми интернетро дарёфт кунанд.

Ба гузориши Спутник, барои мудирият кардани мизони масрафии ҳаҷми зиёде аз интернет ҳангоми истифода аз шабакаи иҷтимоии Инстаграм, бояд иттилои дақиқе аз ҳаҷми масрафӣ ҳар муҳтаво дар ин шабакаи иҷтимоӣ дошта бошед.

Дар ин шабакаи иҷтимоӣ, тамошои видеои 59 сонияии як мегабайт, боргузории акс ҳудӯди 2 то 4 мегабайт ва боргузории видео ҳудӯди 8 то 15 мегабайт аз ҳаҷми интернети шуморо масраф мекунад.

Ҳамчунин пахши зиндаи видеоӣ ба изои ҳар дақиқа 5 мегабайт ва мушоҳидаи 40 акс аз фоидаи Инстаграм ҳудӯди як мегабайт аз ҳаҷми интернетро мекоҳад.

Барои маҳдӯд кардани масрафи интернет метавон ба гузинаи танзимот профил рафт ва вориди ҳисоби худ шуд, сипас дар қисмати масраф додаи телефони ҳамроҳ, сарфаҷӯӣ додаро фаъол кард.