Роналдо ҳам корона гирифт
Октябр 13, 2020 19:00 Asia/Dushanbe
-
натиҷаи озмоиши коронаи Кристиано Роналдо мусбат шудааст
Федерасиюни футболи Португалия эълом кард, натиҷаи озмоиши коронаи Кристиано Роналдо мусбат шудааст.
Ба гузориши сомонаи “Варзиш 3”, Федератсиюни футболи Португалия эълом кард, ки тести коронаи Кристиано Роналдо мусбат баромад.
Ситораи маъруфи португалӣ, ки дар урдӯи тими миллии кишвараш барои бозӣ муқобили Швейтсария дар Лигаи миллатҳои Аврупо ҳузур дошт, ин бозиро аз даст хоҳад дод ва бояд ба карантин биравад.
Тибқи гузоришҳо Роналдо феълан алоими бемориро надорад, вале аз ҳамтимиҳояш дар тими миллӣ ҷудо шудаву зери назари пизишкон аст.