Октябр 12, 2016 19:17 Asia/Dushanbe
  • Ойини ошуро дар Маскав бо ҳузури садҳо мусалмон аз кишварҳои мухталиф

Сӯгвории ошуроӣ дар Маскав сешанбешаб бо ҳузури ҳудуди ҳазор нафар аз мусалмонони кишварҳои мухталиф бо барпоии ойини вижаи ин муносибат баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки дар масҷиди Хотамуланбиёи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури Маҳдии Саноӣ - сафири Эрон баргузор шуд, шаҳрвандони чандин кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Лубнон, Афғонистон, Ироқ, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва мусулмонон рус ширкат доштанд.

Оятуллоҳ Алии Исломӣ - намояндаи Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва имоми ҷумъаи Токистон дар ин маросим бо бозгӯии воқеаҳои рӯзҳои тосуо ва ошуро, гуфт: Ҳазрати Имом Ҳусайн (а) барои роҳе, ки интихоб карда буд, вафодортарин афрод ва бартарин инсонҳои имониро мехост ва аз ҳамин рӯ ҳамагонро аз тааҳҳуде, ки ба он ҳазрат доштанд, озод эълом кард.

Хатиби маросим изҳор кард: Ёроне, ки барҷой монданд, содиқтарин ва муъминтарин афрод дар баробари он ҳазрат ва вафодортарин инсонҳо нисбат ба омӯзаҳои Паёмбари гиромии ислом буданд, ки ҷони худро фидои ормони мубориза бо зулму ситами ҳукумати язидӣ карданд.

Оятуллоҳ Исломӣ таъкид кард: Акнун низ мушобиҳатҳои зиёде бо воқеаи Карбало вуҷуд дорад, душманони ислом, аз ҷумла Амрико, ваҳҳобият ва саҳюнизм дар ҳоли тарроҳии нақшаҳои шум алайҳи мусалмонон ҳастанд ва дар ин миён режими ишғолгари Қудс бештарин барномарезиро мекунад.