Сабти дувумин ваксинаи русии зидди корона
-
Русия пас аз Sputnik V, \"Эпивак корона\"-ро ба сабт расонд
Владимир Путин аз сабти дувумин ваксинаи русӣ алайҳи корона бо номи "Эпивак корона" хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Раиси Ҷумҳурии русия Владимир Путин гуфт : маркази Вектор дар Новосибирск дувумин ваксинаи русӣ алайҳи вируси коронаро сабт кардааст .
60 ҳазор доза аз ин ваксина дар ояндаи наздик тавлид ва ваксинатсия аз тариқи маркази Вектор алайҳи вируси корона ба зудӣ оғоз мешавад .
Татяна Гуликова муовини нахуствазири Русия ҳам гуфтааст : " Ин ваксина бидуни ҳеч вокунишзоӣ ва бо эминии кофӣ сабт шудааст .
Муассисаи Вектор қасд дорад дар бораи ин ваксина байни 150 нафар аз афроди болои 60 сол мутолиаи болинӣ анҷом диҳад .
Русия муддате пеш нахустин ваксинаи зидди коронаии худро бо номи Sputnik V -ро муаррифӣ кард ва тазриқи онро миёни ихтиёриёни кишвар шурӯъ кард.