Ҳимояти Эрдуғон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон бо шеъри Фирдавсӣ
(last modified Sat, 17 Oct 2020 13:13:31 GMT )
Октябр 17, 2020 18:13 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Туркия, ки дар порлумони ин кишвар дар ҳимоят аз Ҷумҳурии Озарбойҷон суханронӣ мекард, барои интиқод аз гурӯҳи Минск аз шеъри Фирдавсӣ кӯмак гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар нишасти порлумони ин кишвар барои интиқод аз ҷадласоти беҳудаи гурӯҳи Минск дар барқарории сулҳ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, қитъае аз шеъри Фирдавсиро шоҳиди мисол овард, ки мегӯяд: "Нишастанду гуфтанду бархостанд".

 

 

Гурӯҳи Минск

Гурӯҳи Минск дар соли 1992 бо тасмими Конференсияи Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо  (CSCE), ки акнун Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (OSCE) хонда мешавад барои ташвиқи ҳаллу фасли сулҳомези даргирӣ миёни Ҷумҳурии Озарбоёҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Нагорний Карабах эҷод шуд, аммо то кунун натавонистааст бар ҳалли муноқишаи Қарабоғ кӯмаке кунад.

 

  • бештар бихонед:

Интиқоди Туркия аз гуруҳи Минск барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ