Аҷибтарин моҳии дунё, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунад
Моҳии Лонг фиш (Long Fish) ё саламандр навъе моҳии оби ширини бумӣ мебошад, ки метавонад моҳҳо ва ҳатто солҳо дар хушкӣ бе дастрасӣ ба об зиндагӣ кунад
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, ин моҳӣ мисли бақияи ҳайвонот дар хушкӣ зиндагӣ мекунад ва баъзе аз гунаҳои он ба ҳадде одат ба нафас кашидан дар ҳаво доранд, ки бо наздик шудан ба даврони бузургсолӣ амалкарди обшиши худро аз даст медиҳанд ва ҳангоми зиндагӣ дар об ба таври муназзам барои гирифтани кислороди ҳаво ба сатҳи об меоянд.
Ин моҳиҳо агар барои муддати тӯлонӣ зери об бимонанд гоҳе ғарқ мешаванд.
Моҳиҳои Лонг фиш монанди анвоъи мормоҳиҳо бадани кашӣидае доранд ва маъмулан дар обҳои ками умқӣ монанди мурдобҳо ё лаҷанзорҳо зиндагӣ мекунад, аммо гунаҳое аз онҳо дар рӯдхонаҳо ва дарёчаҳои бузургтар низ ёфт мешаванд.
Ин моҳӣ дар сурате, ки ба об дастрасӣ дошта бошад ҳамонанди як моҳии маъмулӣ рафтор, мекунад бад ин сӯурат, ки дар об шино карда ва аз моҳиҳои кӯчак ва сахтпӯстони кафи обгирҳо ва рӯдхонаҳо тағзия мекунад.
Бархе манобеъ иддао кардаанд, ки ин моҳӣ метавонад то 4 сол дар зери замини хушк зинда бимонад.
Лонг фишҳо танҳо дар Африқо, Амрикои Ҷанубӣ ва Австралия вомехӯранд ва дар Африқо мардуми бумӣ одатан дар минтақаҳое, ки об аллакай ҷамъ шуда буданд, ин моҳиро аз аз қаъри хок берун кашида мехӯранд.
Ин моҳӣ маззаи хеле тунд дорад ва маззаи онро на ҳама дӯст медоранд.