Ақабнишинии Макрон аз мавозеи исломситезона
(last modified Sun, 01 Nov 2020 05:01:25 GMT )
Ноябр 01, 2020 10:01 Asia/Dushanbe
  • Макрон: Фаронса бо ҳеч мазҳабе мушкиле надорад
    Макрон: Фаронса бо ҳеч мазҳабе мушкиле надорад

Раисиҷумҳури Фаронса бо ақабнишинӣ аз мавозеи исломситезонаи худ, матолиби шабакаҳои иҷтимоиро хилофи воқеъ донист.

Ба гузориши ИРНА, Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса рӯзи шанбе дар паёми “Твиттер”-ӣ навишт: “бар хилофи матолиби шабакаҳои иҷтимоӣ Фаронса бо ҳеч мазҳабе, мушкиле надорад.”

Макрон бидуни ишора ба изҳороти исломситезонаи худ дар рӯзҳои гузашта муддаӣ шуд, ҳамаи пайравони мазоҳиб озодона маносики мазҳабии худро анҷом медиҳанд.

Раисиҷумҳури Фаронса, дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “Алҷазмра” дар тавҷеҳи иқдоми таҳқиромези нашрияи “Charlie Hebdo” дар суханони риёкорона гуфт, ки эҳсосоти мусулмонон дар қиболи карикатурҳои мунташир шуда дар нашрияҳои фаронсавиро дарак мекунад.

Нашрияи фаронсавии “Charlie Hebdo”, дар рӯзҳои ахир иқдом ба интишори карикатурҳои тавҳиномез дар бораи Паёмбари гиромии ислом (с) кардааст.

Раисиҷумҳури Фаронса низ дар изҳороте дур аз урфи дипломатӣ ва мабонии демократӣ эълом карда буд, Фаронса ҳамчунон ба интишори карикатурҳои тавҳиномез алайҳи Паёмбари гиромии ислом (с) идома хоҳад дод.

Ин изҳороти исломситезонаи Макрон бо интиқодҳо ва маҳкумиятҳои густардаи мардуми мусулмон, мақомҳо ва шахсиятҳои ҷавомеи исломӣ дар саросари ҷаҳон мувоҷеҳ шуд .

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Саволҳое, ки ҷавонони фаронсавӣ бояд аз Макрон бипурсанд

Паёми раҳбари муъаззами инқилоб ба ҷавонони Фаронса дар пайи иҳонати Макрон ба Паёмбари ислом (с)

Вокунишҳо ба суханони исломситезонаи Макрон