Зане ки Байденро дар Ҷорҷия пеш андохт
(last modified Fri, 06 Nov 2020 16:59:16 GMT )
Ноябр 06, 2020 21:59 Asia/Dushanbe
  • Стейси Абрамс – сиёсатмадор, вакил ва романнависи амрикоӣ
    Стейси Абрамс – сиёсатмадор, вакил ва романнависи амрикоӣ

Як зани сиёҳпӯсти 46 сола аслитарин нақшро дар сабқати Ҷо Байден аз Доналд Трамп дар рақобати иёлати Ҷорҷия доштааст.

Ба гузориши Си Эн Эн, Ҷо Байден дар охирин бахшҳои маратони тӯлонии шумориши орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва замоне, ки 99 дарсади оро дар иёлати Ҷорҷия шумурда шуда буд, аз Трамп пешӣ гирифт. Ин пеш афтодан танҳо ба андозаи 917 раъй аст, аммо метавонад Байденро зудтар ба Кохи Сафед бирасонад. Бисёре муътақиданд, Байден барои ин пирӯзӣ мадюни як зани сиёҳпӯст ба номи Стейси Абрамс аст.

Стейси Абрамс – сиёсатмадор, вакил ва романнависи амрикоӣ аст, ки аз 2011 то 2017 раҳбари ақаллияти Маҷлиси намояндагон Ҷорҷия будааст. Ӯ дар чанд моҳи ахир маъракаи бузурге барои муттаҳид кардани рангинпӯстон барои муқобила бо Доналд Трамп ва раъй ба Ҷо Байден ба роҳ андохта буд.

Пештозии Байден дар иёлати Ҷорҷияи Амрико

Ҷадидтарин натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 Амрико нишон медиҳад, номзади ҳизби демократ дар орои шуморишшуда дар иёлати Ҷорҷия андаке ( 917 раъй ) пеш афтодааст.

Бар асоси ҷадидтарин омори натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 Амрико, Ҷо Байден, номзади ҳизби демократ аз 99 дарсади орои шуморишшуда дар иёлати Ҷорҷия 2 миллиону 449 ҳазор ва 371 раъй ба даст оварда, дар ҳоле ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико 2 миллиону 448 ҳазору 454 раъй касб кардааст.

Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 Амрико дар орои электрол нисбат ба Трамп пештоз аст.

Ҳар як аз номзадҳо барои расидан ба Кохи Сафед бояд 270 раъйи электрол ба даст оваранд.

Байден дар Пенсилвания ҳам пештоз шуд

Номзади ҳизби демократ аз раиси ҷумҳурии Амрико дар иёлати Пенсилвания пешӣ гирифт.

Ба гузориши Си Эн Эн, ин иёлати калидӣ 20 курсӣ дорад ва чунончӣ Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар он шикаст бихӯрад, қодир нахоҳад буд барои дувумин бор вориди Кохи Сафед шавад.

Бинобар омори мунташиршуда аз 98 дарсади орои шумориш‌шуда Байден бо 49,5 дарсад аз Трамп бо 49,4 дарсад пешӣ гирифтааст.

Бародарзодаи Трамп: Моҳҳои хатарноке пешорӯи Амрико қарор дорад

Бародарзодаи раиси ҷумҳурии Амрико ҳушдор дод, бо идомаи танишофариниҳои амӯяш дар Кохи Сафед, моҳҳои хатарноке пешорӯи Амрико қарор дорад.

Мери Трамп, бародарзодаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо баёни ин ки амӯяш наметавонад бо бозанда будани эҳтимолӣ канор биёяд, дар бораи моҳҳои хатарноки пеширӯ дар натиҷаи иқдомоти Трамп ҳушдор дод ва аз мақомоти ҷумҳурихоҳ хост, монеи раиси ҷумҳурии Амрико шаванд.

 

 Бештар бихонед: