Кушта шудани се тан бар асари таркиши террористӣ дар шаҳри Кобул
(last modified Sat, 07 Nov 2020 05:28:17 GMT )
Ноябр 07, 2020 10:28 Asia/Dushanbe
  • То кунун ҳеч гурӯҳе масъуляти ин таркишро бар уҳда нагирифтааст
    То кунун ҳеч гурӯҳе масъуляти ин таркишро бар уҳда нагирифтааст

Се ғайринизомӣ бар асари таркиши бомб дар шаҳри Кобул (пойтахти Афғонистон) кушта шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Фирдавси Фаромарз- сухангуи полиси Кобул эълом кард: Бомби магнитӣ субҳи имрӯз шанбе дар масири худрав дар минтақаи Макруриён аз тавобеи ҳавзаи аввали амниятии шаҳри Кобул таркид.

Як манбаъи амниятии афғон гуфт: Юмо Сиёвуш, аз гардонандагони пешини яке аз шабакаҳои хусусии Афғонистон ва хабарнигори маъруфи афғон низ дар миёни ҷонбохтагони ин таркиш аст.

Боздошти 13 полис дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул

То кунун шахс ё гуруҳе масъулияти ин таркиши террористиро бар уҳда нагирифтааст.

Кобул ва дигар шаҳрҳои Афғонистон дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди таркишҳои паёпай буда, ки даҳҳо кушта ва захмӣ барҷо гузоштааст.

Бархе аз ин таркишҳоро гуруҳи Толибон ва бархе дигарро гуруҳи террористии ДОИШ бар уҳда гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гуруҳи Толибон дар Қатар ҳамчунон бидуни натиҷа идома дорад.

Бештар бихонед: